Октябр 20, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
  • Нақш доштани домоди раисҷумҳури Амрико дар қатли Хошуқҷи

Намояндаи демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико аз нақш доштани домоди раисҷумҳури ин кишвар дар қатли рӯзноманигори мунтақиди Арабистон хабар дод.

Хуокин Кастеро, намояндаи демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар гуфтугӯ бо Си Эн Эн гуфт, Ҷаред Кушнер бо қарор додани номи Ҷамол Хошуқҷӣ дар листи душманони Арабистон, омили қатли ин рӯзноманигор будааст.

Ба гуфтаи Кастеро, Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо кумак гирифтан аз нерӯҳои иттилоотӣ ин феҳристро ба Муҳаммад бин Салмон ироа дода ва валиаҳди Арабистон низ бар асоси он лист амал кардааст.

Ин намояндаи демократ, таҳқиқоти бештари мақомоти иттилоотии Амрико дар ин мавридро хостор шуд.

Мақомоти амниятии Амрико пештар низ дар мавриди иртиботи наздики домоди Трамп бо валиаҳди саудӣ ҳушдор дода буданд.

Элизабет Воран, сенатори демократ низ дар вокуниш ба қатли Хошуқҷи гуфт, Амрико ва кулли ҷаҳон бояд ба он вокуниш нишон диҳанд, аммо гӯё Трамп чунин қасде надорад.

Крис Морфи, сенатори демократи амрикоӣ низ зимни интиқод аз Арабистон ба далели дурӯғгӯӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷи, аз давлати Амрико хост ба ин масъала вокуниш нишон диҳад.

Хошуқҷи дувуми октябр вориди консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия шуд ва сипас нопадид гашт то ин ки чанд рӯз баъд давлати Туркия ва расонаҳо аз қатли фоҷеабори вай дар дохили консулгарӣ хабар доданд.

 

 

Барчасп