Кашфи бахшҳое аз ҷасади Хошуқчӣ
Октябр 23, 2018 15:56 Asia/Dushanbe
Дабири кулли Ҳизби ватани Туркия муддаӣ шуд, тиккае аз ҷасади Хошуқчӣ дар чоҳи оби консулгарии Саудӣ пайдо шудааст.
Дуғу Принчак, дабири кулли Ҳизби ватани Туркия муддаӣ шуд, ки нерӯҳои амниятӣ ҳангоми тафтиши сохтмони консулгарӣ, тиккаҳое аз ҷасади Хошуқчиро, ки аз бадани вай ҷудо шуда буд, дар чоҳи обе дар консулгарӣ пайдо карданд.
Баъд аз наздик ба се ҳафта аз вуруди бебозгашти Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори Саудӣ ба дохили консулгарии Риёз дар Истанбул, мақомоти ин кишвар бо интишори баёнияе эътироф карданд, ки Хошуқчӣ дар паи даргирӣ дохили ин сохтмон кушта шудааст.