Октябр 26, 2018 18:22 Asia/Dushanbe
  • Оғози таҳқиқоти пулиси Туркия бар намунаҳои оби чоҳи консулгарии Арабистон

Пулиси Туркия аз оғози таҳқиқот рӯйи намунаҳои оби чоҳи консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия дар иртибот бо парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ хабар дод.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN-и туркӣ, мақомоти режими Саудӣ пас аз гузашти чанд рӯз билохира рӯзи ҷумъа иҷозаи бозрасӣ аз дохили чоҳи оби консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркияро доданд.

Пулиси Туркия эълом кард, таҳқиқоти худро рӯйи намунаҳои оби ин чоҳ оғоз кардааст ва натиҷаи онро то чанд рӯзи оянда иттилорасонӣ хоҳад кард.

Режими Саудӣ пас аз гузашти ҳудуди се ҳафта, рӯзи шанбе 20 октябр бо ироаи як ривояти ноқис, қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудиро дар консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия пазируфт ва мақомоти ин режим муддаӣ шуданд, Хошуқҷӣ дар даргирӣ бо коркунони консулгарӣ кушта шуд.

Эътирофи мақомоти режими Оли Сауд ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарӣ дар ҳоле аст, ки то кунун ҷасади вай пайдо нашудааст.