Ниме аз мардуми Афғонистон аз мушкилоти равонӣ ранҷ мебаранд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39066-Ниме_аз_мардуми_Афғонистон_аз_мушкилоти_равонӣ_ранҷ_мебаранд
Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълом кард: Ниме аз мардуми ин кишвар аз мушкилот ва ихтилолоти равонӣ ранҷ мебаранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 28, 2018 15:44 Asia/Dushanbe
  • Ниме аз мардуми Афғонистон аз мушкилоти равонӣ ранҷ мебаранд

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълом кард: Ниме аз мардуми ин кишвар аз мушкилот ва ихтилолоти равонӣ ранҷ мебаранд.

Фидомуҳаммади Пайкон, муовини хадамоти дармонии вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон гуфт: Бар асоси тозатарин баррасии ин вазоратхона, аз ҳар ду афғон як нафар дучори мушкилоти равонӣ аст.  

Вай афзуд : Авомили мухталиф аз ҷумла ҷанг, ноамнӣ, издивоҷҳои зудҳангом, хушунатҳои хонаводагӣ, масрафи маводи мухаддир, муҳоҷиратҳо ва бекорӣ иллати афзоиши мушкилоти равонӣ дар Афғонистон аст.

Вай гуфт: Маълулон, муътодон, афроди бекор ва оворагон аз қишрҳои осебпазир ҳастанд, ки бештар дар маърази бемории равонӣ қарор доранд.