Октябр 29, 2018 20:36 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати раисиҷумҳури Афғонистон бо хусусисозии ҷанг

Раисиҷумҳури Афғонистон бо тасмими ҷадиди Амрико барои вогузарии ҷанги Афғонистон ба як ширкати амрикоӣ – саҳюнистӣ, мухолифат кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дафтари расонаии раисиҷумҳури Афғонистон эълом кард, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар дидор бо фармондеҳони артиш дар вилояти Ҳилманд бори дигар гуфт, давлат ба ширкати амрикоӣ - саҳюнистии “Blackwater” иҷозаи дахолат дар ҷанги Афғонистонро нахоҳад дод.

Вай тасреҳ кард, Афғонистон артиши миллӣ дорад ва дар майдонҳои ҷанг бо террористҳо мубориза мекунад, бинобар ин тарҳи Амрико дар Афғонистон ҳаргиз амалӣ намешавад.

Чанде пеш Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар бораи паёмадҳои ҳузури муздурони ширкати амрикоӣ- саҳюнистии “Blackwater” дар Афғонистон ва афзоиши талафоти ғайринизомиён ҳушдор дода буд.

Эрик Принс, раиси ширкати амниятии “Blackwater” гуфта буд, дар сурате, ки Вашингтон тарҳи ӯро бипазирад, се ҳазору 600 нируи ин ширкат вориди Афғонистон мешаванд.

Ширкати амрикоӣ- саҳюнистии “Blackwater”дар замони ҷанги Ироқ, ҷиноятҳои зиёде дар ин кишвар муртакиб шуд, ки қатли оми ҳазорон шаҳрванди бегуноҳ аз он ҷумла аст.