Фишори Туркия бар Арабистон барои эъломи макони ҷасади Хошуқҷи
Сухангӯи Ҳизби ҳокими Туркия гуфт, Арабистони Саудӣ бояд макони ҷасади Ҷамол Хошуқчи, рӯзноманигори мунтақиди Саудиро эълом кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Анатоли”, дар пайи интишори баёнияи ҷадиди додситонии Истанбул дар бораи ин ки Ҷамол Хошуқҷи билофосила пас аз вуруд ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул, тибқи нақшае хафа ва кушта шудааст, Умар Чилик, сухангӯи Ҳизби адолат ва тавсеа эълом кард, Анкара иҷозаи сарпӯшгузорӣ дар парвандаи қатли Хошуқҷиро ба ҳеҷ кас намедиҳад.
Умар Чилик таъкид кард, Арабистони Саудӣ ҳамчунин бояд бар асоси иддаое, ки кардааст, ҳувияти ҳамдастони маҳаллии ин ҷиноятро ба Анкара эълом кунад.
Додситонии кулли Истанбул пас аз анҷоми таҳқиқот дар бораи парвандаи қатли Хошуқҷи рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ҷасади рӯзноманигори “Вашингтон пост” пас аз қатл, тикка - тикка ва маҳв шудааст, аммо бо вуҷуди талоши полиси Туркия барои равшан шудани ҷузъиёти ин қатл натиҷае ҳосил нашудааст.
Режими Саудӣ пас аз гузашти ҳудуди се ҳафта, рӯзи шанбеи 20 –уми октябр бо ироаи як ривояти ноқис, қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори “Вашингтон пост” дар консулгарии Арабистон дар Истанбулро иттифоқӣ хонд.
Ҷасади Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди режими оли Сауд то кунун пайдо нашудааст.