Роботи чинӣ гӯяндаи хабар шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39353-Роботи_чинӣ_гӯяндаи_хабар_шуд
Хабаргузории расмӣ ва давлатии Чин “Синхуа” барои аввалин бор рӯзи ҷумъа дар ҳошияи панҷумин Конфронси ҷаҳонии Интернет дар шаҳри Вужен дар шарқи Чин аз як гӯяндаи хабар, ки бо «ҳуши маснӯӣ» сохта шудааст, рӯнамоӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2018 06:49 Asia/Dushanbe
  • Роботи чинӣ гӯяндаи хабар шуд

Хабаргузории расмӣ ва давлатии Чин “Синхуа” барои аввалин бор рӯзи ҷумъа дар ҳошияи панҷумин Конфронси ҷаҳонии Интернет дар шаҳри Вужен дар шарқи Чин аз як гӯяндаи хабар, ки бо «ҳуши маснӯӣ» сохта шудааст, рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, ин гӯяндаи хабар, ки дар бахши англисии “Синхуа” кор мекунад аз назари зоҳирӣ ба шакли як мард аст ва ҳаракоти чеҳра ва садои як фарди воқеиро дорад.

“Синхуа” мегӯяд, ин гӯяндаи хабари дорои ҳуши маснӯӣ, метавонад матнҳои хабареро монанди як муҷрии ҳирфаӣ, бихонд ва ба сурати шабонарӯзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва веб-сайти расмии ин хабаргузорӣ ба таври зинда барнома иҷро кунад.

“Синхуа” эълом кардааст, ин муҷрии маснӯӣ метавонад, ҳазинаи тавлиди хабарро коҳиш диҳад ва короии ин хабаргузориро беҳбуд бахшад.

Ин муҷрӣ дар нахустин рӯзи кориаш бар сафҳаи телевизиони “Синхуа” ҳозир шуд ва худро муаррифӣ кард.