Ноябр 14, 2018 22:09 Asia/Dushanbe
  • Муҷассамаи пиёз ба ҷои Ленин дар Украина

Дар шаҳри Марковскийи Украина яке дигар аз муҷассамаҳои раҳбари Инқилоби коммунистии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, ҳазф шуд ва ба ҷои он муҷассамаи Чипулино (як шахсияти пиёзшакли достонӣ) қарор гирифт.

Ин хабарро веб-сайти "112 Украина" нахустин бор мунташир кардааст.

Мақомоти украинӣ борҳо ҳазфи муҷассама ва намоди Ленин дар ин кишварро сиёсате дар чорчӯби иҷрои қонуни «маҳкумияти ҳизб ва ақоиди коммунистӣ ва нозӣ» хондаанд, ки бар асоси он, ҳар гуна таблиғи коммунизм ва нозисм бо истифода аз тандис ва муҷассама мамнӯъ аст.

Чипулино намоде аз як шахсияти достонӣ дар китоби Gianni Rodari, нависанда итолиёӣ аст, ки дар он моҷароҳо дар сарзамине иттифоқ меафтад, ки ҳамаи аҳолии он, мева ва сабзиҷот ҳастанд ва Чипулино низ як пиёз аст, ки дар пайи наҷоти падар худ аз шарри ҳокими золим аст.

Пештар низ дар минтақаи Черкасская дар маркази Украина ва ҷануби Киев низ ҳамин иттифоқ рух дод ва муҷассамаи сарбози қазоқи украинӣ ҷойгузини муҷассамаи Ленин шуд.

Ихтилофоти Русия ва Украина, ки бо якдигар пайвандҳои таърихӣ ва мазҳабии бешморе доранд аз соли 2014 ва пас аз вуқӯи тағйирот дар Украина, ки Киев аз он ба унвони «инқилоб» ва русҳо ба «кудато» ёд мекунанд, оғоз шудааст.