Мусофиркашии муҳоҷирон дар вилояти Челябински Русия мамнуъ мешавад
(last modified Thu, 15 Nov 2018 05:56:29 GMT )
Ноябр 15, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Мусофиркашии муҳоҷирон дар вилояти Челябински Русия мамнуъ мешавад

Коргарони муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик аз оғози соли 2019 аз ҳаққи ронандагии таксӣ ва васоили нақлиёти умумӣ дар қаламрави вилояти Челябинск, дар минтақаи умдатан саноатии Русия маҳрум мешаванд.

Ба гузориши сомонаи Эхо - Маскав, Борис Дубровский, раиси вилояти Челябинск бо имзои фармоне ронандагии коргарони муҳоҷири хориҷиро дар қаламрави ин минтақа аз аввали январи соли 2019 мамнуъ кардааст.

Дар ин фармон таъкид шудааст, ки ронандагони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатто дар сурати доштани муҷаввизи расмии кор ва иқомат дар Русия аз аввали январи соли 2019 аз ҳаққи фаъолият дар бахши ҳамлунақли умумӣ ва масирҳои байнишаҳрӣ маҳрум мегарданд.

Масъулони созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар вилояти Челябинск аз ин иқдом ибрози нигаронӣ мекунанд ва онро муҷиби аз кор маҳрум шудани ҳазорон тоҷик медонанд, ки дар ин минтақа ҳамчун ронандаи таксӣ фаъолият мекунанд.

Қаблан раиси вилояти Новосибирск низ фармони мушобеҳеро имзо карда буд.

Аз сӯйи дигар, Валентина Чупик, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия гуфтааст, ки фармони раиси вилояти Челябинск бар хилофи қонунҳои ин кишвар ва табъизи ошкор алайҳи ронандагони хориҷӣ аст. Аз ин рӯ, алайҳи ин фармон ба Додгоҳи қонуни асосии Русия шикоят хоҳад кард.