Ҷашни милоди Паёмбар (с) дар Кобул ба хун кашида шуд (видео)
(last modified Tue, 20 Nov 2018 15:39:39 GMT )
Ноябр 20, 2018 20:39 Asia/Dushanbe

Инфиҷори бомб дар Кобул, пойтахти Афғонистон 40 кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, бар асари ин инфиҷори бомб, ки асри рӯзи сешанбе дар маҳалли баргузории маросими ҷашни милоди Паёмбари гиромии Ислом (с), дар меҳмонхонаи “Уранус”-и Кобул рӯй дод, 60 нафар низ захмӣ шуд. Ҳоли бархе аз маҷрӯҳони ин инфиҷор вахим гузориш мешавад.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст, аммо масъулияти ҳамалоти террористии мушобеҳро борҳо гурӯҳи террористии ДИИШ пазируфтааст.