Худрави бидуни сарнишини русҳо бо муваффақият озмоиш шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39720-Худрави_бидуни_сарнишини_русҳо_бо_муваффақият_озмоиш_шуд
Расонаҳои Русия аз озмоиши муваффақиятомези худрави бидуни сарнишини сохти ин кишвар хабар додаанд, ки аз шаҳре ба шаҳри дигар ҳаракат кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 24, 2018 15:40 Asia/Dushanbe
  • Худрави бидуни сарнишини русҳо бо муваффақият озмоиш шуд

Расонаҳои Русия аз озмоиши муваффақиятомези худрави бидуни сарнишини сохти ин кишвар хабар додаанд, ки аз шаҳре ба шаҳри дигар ҳаракат кардааст.

Ба гузориши ИРНА, ин худрави бидуни сарнишин, ки «StarLine» ном дорад, тавонистааст пас аз ҳаракат аз Санкт-Петербург ва тай кардани ду ҳазору 500 километр бидуни ҳеҷ мушкиле ба Қазон дар маркази Русия бирасад.

Ин худрав дар муддати шаш рӯз ин масирро тай кардааст ва дар тамоми тӯли масир ронанда барои ҳифзи амният дар шароити хосс, дар худрав ҳузур дошт ва дар бархе нуқот барои риояти эҳтиёт контроли фармонро дар даст мегирифт.

Гуфта шудааст, ин автомобили ҳушманд, дар бузургроҳҳо, хиёбонҳои дохили шаҳрӣ ва ҳатто дар роҳҳо ва масирҳои хокӣ бидуни ронанда ба масири худ идома дода ва дар тамоми шароити ҷодаӣ, хуб ва мутмаин амал кардааст.

Бо ин ҳол гуфта шудааст, ки бо афзоиши тӯли масир, кайфияти амалкарди таҳлили додаҳои ин худрав коҳиш меёфт.

Худравҳои худрон, ки дар онҳо аз ҳуши маснуӣ истифода мешавад, тарҳҳои ҷадиди башар ба ҳисоб меоянд ва кишварҳо ва ширкатҳои байналмилалии мухталиф ба думболи сохт ва ироаи онҳо ба бозори ҷаҳон ҳастанд.