Рабуда шудани 25 мусофир дар шимоли Афғонистон ба дасти афроди мусаллаҳ
(last modified Tue, 27 Nov 2018 14:42:31 GMT )
Ноябр 27, 2018 19:42 Asia/Dushanbe
  • Рабуда шудани 25 мусофир дар шимоли Афғонистон ба дасти афроди мусаллаҳ

Афроди мусаллаҳи ношинос бисту панҷ мусофирро дар вилояти Сарипул, дар шимоли Афғонистон рабуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, узви шӯрои вилояти Сарипул эълом кард, ин идда аз мусофирон аз вилояти Балх ба тарафи шаҳристони Балхоб дар ҳаракат буданд, ки аз тарафи афроди мусаллаҳи ношинос ба гаравгон гирифта шуданд. Асадуллоҳ Хуррам афроди Толибонро масъули ин одамрабоӣ дониста гуфт, ин афрод ҳамакнун дар шаҳристони Санчараки вилояти Сарипул нигаҳдорӣ мешаванд.

Пеш аз ин низ гурӯҳи Толибон 20 ғайринизомии афғонро дар вилоёти Парвону Бомиёни Афғонистон рубуданд ва шуморе аз ононро ба қатл расонданд.