Декабр 02, 2018 21:29 Asia/Dushanbe
  • Маҳрумияти беш аз се миллион кӯдаки афғон аз таҳсил

Вазири кор ва умури иҷтимоии Афғонистон, шумори кӯдакони бозмонда аз таҳсил дар ин кишварро се миллиону ҳафтсад ҳазор нафар эълом кард.

Файзуллоҳи Закӣ дар Ҳамоиши ҳимоят аз кӯдакони Афғонистон дар Кобул гуфт, ин шумори кӯдакон ба далели ноамнӣ, фақр, ҳаводиси табиӣ, хушксолӣ ва оворагӣ аз омӯзиш бозмондаанд.

Вай афзуд, қочоқи инсон, пайвастан ба гурӯҳҳои мухолиф, қочоқи мавоид мухаддир ва эътиёд аз муҳимтарин муъзалоте аст, ки таҳдидкунандаи зиндагии кӯдакони бозмонда аз таҳсил аст.

Вай шумори кӯдаконеро, ки машғули анҷоми корҳои сахт ва хатарнок ҳастанд, ду миллион нафар эълом кард.

Беш аз ниме аз ҷамъияти Афғонистонро ҷавонон ва навҷавонон ташкил медиҳанд ва ҷанг ва фақр аз муҳимтарин мавонеи беҳбуди вазъияти зиндагии онҳост.