Декабр 03, 2018 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба дафтари додситонии Афғонистон дар Кобул

Манобеи амниятӣ аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба дафтари додситонии Афғонистон дар Кобул хабар доданд.

Расонаҳои Афғонистон эълом карданд: Муҳоҷимони ношинос зуҳри имрӯз ба дафтари додситонии кулли ин кишвар дар Кобул ҳамла карданд.  

Ҷузъиёти бештаре аз ин хабар мунташир нашуда ва фард ё гурӯҳе низ масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст.  

Хабари дигар аз Афғонистон инки вазорати дифои ин кишвар аз кушта шудани 149 террорист дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ хабар дод.  

Вазорати дифои Афғонистон дар баёнияе эълом кард: Дар ин амалиёт, ки бо ҳимояти нерӯи ҳавоӣ ва тупхонаи артиш дар вилоёти Луғмон, Каписа, Нангарҳор, Ғазнӣ, Вардак, Зобул, Фараҳ ва Ҳилманд анҷом шуд, 33 террористи дигар захмӣ шуданд.