Декабр 08, 2018 19:31 Asia/Dushanbe

Мӯътаризони фаронсавӣ дар чаҳорумин шанбеи паёпай бо вуҷуди тадобири шадиди амниятӣ ба хиёбонҳои пойтахт омаданд, то ба сиёсатҳои иқтисодии  давлати Макрон эътироз кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Порис рӯзи шанбе ҳаштуми декабр низ монанди шанбеҳои гузашта, саҳнаи эътирозоти “камарбандони зард”  зидди сиёсатҳои давлати Фаронса аст.

Номи “камарбандони зард” аз камарбандҳои бозтобандаи нур, ки ҳамаи ронандагони фаронсавӣ бояд дар худравҳояшон дошта бошанд, гирифта шудааст.

Эдвар Филипп, нахуствазири Фаронса аз боздошти 481 нафар дар ҳошияи эътирозот ба сиёсатҳои иқтисодии давлати Эммануэл Макрон хабар дод ва гуфт, аз ин теъдод 211 нафар ба боздоштгоҳ мунтақил шуданд.

Шумори афроди ширкаткунанда дар тазоҳуроти имрӯз бештар аз тазоҳуротҳои қаблӣ, баровард шудааст.

Дар саросари Фаронса ҳудуди 89 ҳазор нерӯи пулис барои рӯёрӯӣ бо эътирозот, мустақар шудаанд ва маконҳои таърихӣ, динӣ ва фурӯшгоҳҳои бузурги Порис низ таътил аст.

Тазоҳурот дар Фаронса аз 17 ноябр дар эътироз ба тасмими давлат барои бастан таърифаи изофӣ бар сӯхт оғоз шуд, аммо баъд аз он ба афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ ва дар кулл сиёсатҳои иқтисодии давлати Фаронса густариш ёфт.

Давлати Фаронса дар ду марҳала аз тарҳе, ки эътирозотро сабаб шуда, ба таври комил ақибнишинӣ кардааст, бо ин ҳол раҳбарони созмондиҳандаи тазоҳуроти “камарбандони зард” бар идомаи эътирозоти худ таъкид кардаанд.

 

Барчасп