Декабр 10, 2018 17:52 Asia/Dushanbe
  • Хашми Эрдуғон аз замзамаҳои манъи ҳиҷоби низомиёни зан дар Туркия

Изҳороти яке аз додситонҳои Туркия дар бораи манъи истифода аз русарӣ дар артиш, хашми раисҷумҳури ин кишварро барангехт.  

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар маросиме дар Истанбул аз изҳороти яке аз додситонҳои Туркия, ки хостори лағви озодии ҳиҷоб дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шуда буд, интиқод кард ва гуфт, ин додситон қавонин ва муқаррароти Туркияро нақз кардааст.  

Эрдуғон бо ишора ба ҳалли масъалаи ҳиҷоб дар Туркия гуфт: Хонумҳо дар тамоми созмонҳои давлатӣ аз назари интихоби пушиш озод ҳастанд ва ба ҳар наҳве, ки тамоюл доранд, метавонанд бар сари корашон ҳозир шаванд.

Яке аз додситонҳои Девони олии Туркия ахиран гуфта буд, озодии ҳиҷоб дар органҳои низомӣ нақзи моддаи марбут ба лоик будани артиш аст.