Декабр 16, 2018 21:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Човуш Уғлу аз мавзеи инфиолии Аврупо дар қиболи қатли Хошуқчӣ

Вазири хориҷаи Туркия аз бетаваҷҷуҳии кишварҳои аврупоӣ ба мавзуи қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ интиқод кард.  

Мавлуд Човуш Уғлу дар Нишасти “Маҷмаи Доҳа”-и Қатар гуфт, Анкара аз ҳамон ибтидо дар бораи таҳқиқ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқчӣ мусаммам буд, аммо кишварҳои аврупоӣ чашмашонро ба рӯи ин қатл бастаанд.

Вай таъкид кард, файлҳои савтии мавҷуд дар бораи парвандаи рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ собит мекунад, ки аз қабл барои қатли вай барномарезӣ шуда буд.  

Човуш Уғлу тасреҳ кард, азми Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия барои пайгирии таҳқиқот дар бораи қатли Ҷамол Хошуқчӣ ҷиддӣ буда ва Анкара мадорики иттилоотии мавҷуд дар бораи ин ҷиноятро дар ихтиёри кишварҳои алоқаманд ба дарёфти он, қарор додааст.