Декабр 19, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳи дидгоҳи русҳо ба муҳоҷирони хориҷӣ

Ҷадидтарин назарсанҷӣ дар Русия нишон медиҳад, ки дидгоҳи мардуми ин кишвар нисбат ба муҳоҷирони хориҷӣ мусбаттар аз қабл шудааст.

Ба гузориши “Тасним”, рӯзномаи “Известия” имрӯз навишт, иттилооти ба дастомада дар назарсанҷии “Бунёди санҷиши афкори умумии саросарии Русия” баёнгари он аст, ки шаҳрвандони русӣ дар панҷ соли ахир дидгоҳи мусбаттаре нисбат ба муҳоҷирони хориҷӣ пайдо кардаанд.

Онҳо ҳамчунин аз вуруди русзабонон, ҷавонон ва афроди таҳсилкарда ба кишварашон истиқбол мекунанд.

Ин таҳқиқот тағйир дар бархурди манфӣ нисбат ба муҳоҷирони хориҷиро дар созмонҳои маҳаллӣ 74 дарсад, дар органҳои интизомӣ 69 дарсад, дар арсаи омӯзиши олӣ 58 дарсад, дар арсаи пизишкӣ 51 дарсад ва дар бахши ҳамлу нақли умумӣ 58 дарсад нишон додааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқони ин марказ, шаҳрвандони рус ба ин дарк расидаанд, ки муҳоҷирон барои кору касби даромад ба Русия меоянд ва қасд надоранд фазои зиндагии онҳоро ишғол кунанд.

Албатта ҳанӯз мушкилоти маҳдуде дар бархурд бо муҳоҷирон дар Русия дида мешавад ва бештарин мушкили русҳо дар ин замина нигаронӣ аз имкони афзоиши иртикоби ҷиноёт ва афзоиши рақобат дар бозори кор аст.

Маҳбубтарин муҳоҷирон дар Русия ба тартиб шаҳрвандони Беларус (25 дарсад), украиниҳо (21 дарсад), олмониҳо (16 дарсад) ва мардуми Қазоқистон (15 дарсад) ҳастанд. Баъд аз он муҳоҷирони тоҷикистонӣ, узбакистонӣ, амрикоӣ ва чинӣ қарор доранд.

Илова бар ин, назарсанҷии суратгирифта аз сӯйи муассисаи таҳқиқотии “Ромир” пеш аз ин нишон дода, ки ҳудуди 88 дарсад аз шаҳрвандони рус тамоюле барои муҳоҷират аз кишварашон надоранд.