Декабр 30, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҷинояти аҷиби узви олмонии ДИИШ алайҳи кӯдаке 5 сола

Додситони Мюнхен муҳокимаи як зани олмонии узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро оғоз кард, ки бардаи 5 солааш аз ташнагӣ ҷон додааст.

Ин зани 27 сола ба номи Ҷенифер Даблю, ба ҳамроҳи шавҳараш аз аъзои ДИИШ буда ва аз 2014 дар Ироқ барои ин гурӯҳ фаъолият мекардааст.

Ҷенифер ва шавҳараш дар 2015 ва ишғоли Мусили Ироқ духтарбчаи 5 солаеро, ки эҳтимолан аз ақаллияти эзадӣ буда, ба унвони барда дар ихтиёр доштанд.

Онон кӯдаки 5 соларо дар фазои боз ба занҷир баста буданд, то инки вай пас аз соатҳо бар асари гармои ҳаво ва ташнагии шадид, ҷони худро аз даст дод.

Полиси Туркия ин занро, ки барои таҷдиди мадорики ҳуввиятш ба ин кишвар сафар карда буд, боздошт ва ба Олмон истирдод кардааст.

 

Барчасп