Январ 02, 2019 17:09 Asia/Dushanbe
  • Иддаои боздошти тарроҳи мушаки русии шикастнопазир

Як пойгоҳи хабарии амрикоӣ муддаӣ шуд, тарроҳони ҷадидтарин мушаки фаросавти Русия ба иттиҳоми хиёнат боздошт шудаанд.  

Пойгоҳи хабарии Дейли Бисти Амрико муддаӣ шуд, ки бархе аз тарроҳони мушаки фаросавти ҷадиди Русия ба номи Авангард, ба иттиҳоми хиёнат боздошт шудаанд ва таҳти бозҷуӣ ҳастанд, зеро гуфта мешавад, ки онон иттилооти низомии бисёр маҳрамонаро ба бегонагон мунтақил кардаанд.

Сервиси амнияти федерали Русия ба ҳадди ақал 10 нафар аз коркунони ожонси умури фазоии ин кишвар (Роскосмос) дар бораи интиқоли иттилооти бисёр маҳрамонаи марбут ба таслиҳоти фаросавти русӣ ба НАТО мазнун аст.

Ин иттилоот ба фанноварии мушак‍ҳои фаросавт, мушакҳои баллистики ҳастаӣ ва мушаки роҳбурдии Авангард марбут мешавад.  

Қарор аст, мушаки роҳбурдии Авангард аз оғози 2019 дар артиши Русия ба кор гирифта шавад.

Хабаргузориҳои русӣ эълом карданд, мушаки Авангард аз пойгоҳи мушакии Домборовский дар минтақаи кӯҳистонии Урал шиллик шуд ва бо муваффақият дар шибҳҷазираи Камчатка дар дуртарин нуқтаи шарқи Русия ба ҳадаф хурд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия марти 2018 гуфта буд, мушаки Авангард ҳамчун гӯи оташин ҳамла хоҳад кард ва бо суръате беш аз 20 баробари суръати савт метавонад аз ҳамаи сомонаҳои раҳгирӣ убур кунад ва ба ҳар ҷое дар ҷаҳон бирасад.