Январ 20, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Баробарии ҳазинаи таътилии давлати Амрико бо ҳазинаи сохти девори марзӣ

Зиёни ношӣ аз ҳазинаи таътилии давлати федерали Амрико дар ҳоли гузаштан аз рақами ҳазинаи сохти девор дар марзи Мексика аст.

Торнамои шабакаи хабарии амрикоии CNBC гузориш дод, дар сурате, ки таътилии бахшҳои давлати федерал ба 35 рӯз бирасад, зиёни молии он ба рақаме беш аз шаш миллиард доллар яъне бештар аз рақами 5 миллиарду 700 миллион долларии будҷаи сохти девори марзӣ хоҳад расид.

Бинобар гузориши Wells Fargo, ширкати чандмиллиятии хадамоти молӣ ва бонкии мустақар дар Амрико, таътилии давлати федерал боис шудааст, то 800 ҳазор корманд бидуни дастмузд бимонанд.  

Бахшҳое аз давлати федерали Амрико, аз 22 декабри 2018 токунун ба далели ихтилоф бар сари таъмини будҷаи сохти девори марзӣ байни Кохи Сафед ва Конгресс таътил шудааст.

 

Барчасп