Ҳамла ба масҷиде дар Филиппин
(last modified Wed, 30 Jan 2019 06:27:14 GMT )
Январ 30, 2019 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба масҷиде дар Филиппин

Ҳамла бо норинҷак ба намозгузорони масҷиде дар шаҳри Замбонга, дар ҷануби Филиппин 2 кушта барҷо гузошт.

Ба гузориши ИРНА, дар ин ҳамла, ки субҳи чаҳоршанбе рух дод, дастикам се нафар маҷруҳ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Ба гуфтаи полиси Филиппин, ҳувият ва ангезаи муҳоҷим ё муҳоҷимон мушаххас нест ва таҳқиқот дар ин робита идома дорад.

Якшанбеи гузашта низ бар асари инфиҷори 2 бомб дар наздикии як калисо дар ҷазираи Ҷоло, дар вилояти Сулу, дар ҷануби ғарби Филиппин 27 нафар кушта ва 70 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт. Гарчӣ мақомҳои маҳаллӣ иттиҳоми бомбагузориро мутаваҷҷеҳи гурӯҳи террористии Абусайёф донистанд.

Полис эҳтимоли иртиботи ин ду ҳамларо рад накарда ва гуфта, ки таҳқиқот дар ин робита дар ҷараён аст.

Гурӯҳи террористии Абусайёф аз ҳампаймонони ДИИШ аст, ки дар ҷануби шарқи Осиё ва бахусус дар ҷануби Филиппин даст ба иқдомоти террористӣ мезанад.