Фиристодани чанд ҳазор сарбози артиши Амрико ба марзи Мексика
Дар идомаи сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп, сарпарасти Вазорати дифои Амрико аз фиристодани чанд ҳазор сарбоз ба марзи Мексика ба манзури он чӣ кумак ба барқарории амният хонд, хабар дод.
Ба гузориши Асошейтед Пресс, Патрик Шанаҳан рӯзи сешанбе гуфт, ҳадаф аз эъзоми ин сарбозон, насби монеаҳои сими хордори изофӣ ва афзоиши назорат бар минтақаи марзии Мексика аст.
Ҳамакнун ҳудуди 2400 сарбози артиши Амрико барои кумак ба ҳифозат аз марзи ин кишвар бо Мексика дар минтақаи марзӣ мустақаранд.
Ихтилофи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва конгресси ин кишвар барои тасвиби буҷаи сохти девор дар марзи Мексика боис шуд, бахшҳое аз давлати федерали Амрико аз 22 декабри соли 2018 то ҷумъаи 25 январи соли 2019 таътил шаванд.
Дар ниҳоят Трамп ва сарони конгрес мувофиқат карданд, ки буҷае муваққат барои бозкушоии давлат тасвиб кунанд ва музокироти буҷаи девори марзиро идома диҳанд.