Эътирозоти мардуми Амрико зидди Трамп
-
Эътирозоти мардуми Амрико зидди Трамп
Порс-Тудей. Мардуми иёлати Меннасотаи Амрико барои чандумин бор дар ҳафтаҳои ахир ба хиёбонҳо омаданд то эътирози худро ба сиёсатҳои муҳоҷиратии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар ва хушунати маъмурони идораи муҳоҷират эълом кунанд.
Маъмурони идораи муҳоҷирату гумруки Амрико, ки собиқаи қатли як модари 37 соларо дар корнома доранд, боз фарди дигареро ҳадафи гулӯла қарор доданду хашми мардуми Амрикоро барангехтанд.
Эътирозоти мардуми иёлати Меннасотаи Амрико пас аз он аз сар гирифта шуд, ки маъмурон дар ҷараёни дастгирии як мард, пои ӯро ҳадафи гулӯла қарор доданд.
Ин дуюмин тирандозии неруҳои амрикоӣ ба аҳолии Меннасота дар ҳафтаҳои ахир ба ҳисоб меояд. Маъмурони амрикоӣ бо гази ашковар ба истиқболи ин муътаризон рафтанд.
Пештар ҳам ин маъмурон зане бо номи Руни Никул Гудро аз ноҳияи сар ҳадаф қарор дода ва ба қатл расонда буданд. Ин иқдом эътирозоти мардумии бисёреро ба дунбол доштааст. / “Форс”