Бозгашти 27 кӯдаки диишиҳои рус ба кишварашон
Феврал 11, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
27 кӯдаки рус, ки волидайнашон барои узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ роҳии Ироқ ё Сурия шуда буданд, ба Русия бозгардонда шуданд.
Ба нақл аз Ирно, Анна Кузнетсова, намояндаи раисҷумҳури Русия дар умури ҳуқуқи башари кӯдакон эълом кард: Ин кӯдакони чаҳор то 13 сола бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар аз тариқи Бағдод ба Маскав мунтақил шуданд.
Бархе аз ин кӯдакон, муддате дар зиндон дар канори модарони террористи худ зиндагӣ мекарданд.
Барчасп