Нигаронии Куала-Лумпур аз гароиши ҷавонони Малайзия ба ДИИШ
(last modified Sat, 23 Feb 2019 12:33:15 GMT )
Феврал 23, 2019 17:33 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Куала-Лумпур аз гароиши ҷавонони Малайзия ба ДИИШ

Мақомоти Малайзия аз гароиш ва пайвастани беравияи ҷавонони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Сабо, вазири дифои Малайзия рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ бо ҳузури Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири ин кишвар эълом кард, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони  Малайзия, ки ба террористҳои ДИИШ дар Сурия пайваста буданд, дар даргириҳо кушта шудаанд.

Вазири дифои Малайзия, пайвастани садҳо нафар ҷавонони Малайзия ба ДИИШ аз тариқи шабакаҳои маҷозӣ ва таҳти таъсири таблиғоти ин гурӯҳ, бисёр нигаронкунанда хонд ва афзуд, хонаводаҳои ҷавонони кушта шуда дар Сурия аз давлати Малайзия барои бозгашти ҷасади онҳо кумак хостаанд.

Моҳотир Муҳаммад низ пас аз дарёфти гузориши вазири дифои Малайзия, терроризмро аз нигаронӣ ва дағдағаҳои давлати Малайзия донист ва гуфт, падарон ва модарони малайзиёӣ бояд ба ин мавзӯ фикр кунанд, ки чӣ касе боиси эъзоми ҷавонони ин кишвар ба Сурия ва кушта шудани онҳо шудааст.

Бозраси кулли пулиси Малайзия дар декабри соли 2018 фош кард, 102 шаҳрванди малайзиёӣ пайваста ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, дар минтақаи Дайр аз-Зур ва Абукамоли Сурия, дар ҳамалоти зиддитеррористӣ кушта шудаанд.