НАТО: Барномае барои коҳиши нерӯ дар Афғонистон надорем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41982
Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ эълом кард, тарҳи коҳиши низомиёни хориҷии мустақар дар Афғонистон дар дастури кори НАТО нест.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 25, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • НАТО: Барномае барои коҳиши нерӯ дар Афғонистон надорем

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ эълом кард, тарҳи коҳиши низомиёни хориҷии мустақар дар Афғонистон дар дастури кори НАТО нест.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Корнелиус Зиммерманн (Cornelius Zimmermann), намояндаи Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон гуфт, НАТО қасди хурӯҷ аз Афғонистонро надорад ва ҳамчунон ба ҳузури низомии худ дар ин кишвар идома медиҳад. Пеш аз ин ҳам Дэвид Бутлер (David Butler), яке аз сухангӯёни НАТО эълом карда буд, ин созмон қасди коҳиш ё хурӯҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз Афғонистонро надорад. Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп пеш аз ин аз хурӯҷи ҳудуди ҳафт ҳазор низомии ин кишвар аз Афғонистон хабар дода буд.

НАТО дар ҳоле ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон идома медиҳад, ки Амрико ва ин созмон дар 18 соли гузашта дар таҷовуз ба Афғонистон дастоварде ҷуз куштори даҳҳо ҳазор ғайринизомӣ, тахриби зерсохтҳои ин кишвар, тадовуми ноамнӣ, тавҳин ва иҳонат ба муқаддасоти исломӣ ва аҷсоди мардуми ин кишвар надоштааст.