Паёми наврӯзии мудири кулли созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО
(last modified Sun, 03 Mar 2019 08:39:27 GMT )
Март 03, 2019 13:39 Asia/Dushanbe
  • Паёми наврӯзии мудири кулли созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО

Мудири кулли ЮНЕСКО дар остонаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо судури паёме Наврӯзро намоди барҷастае аз мероси фарҳангӣ ва маънавӣ донист, ки насл ба насл мунтақил мешавад ва ба баргузоркунандагони он ҳувият ва пайвастагӣ медиҳад.

Дар паёми мудири кулли ЮНЕСКО омадааст: «Наврӯз оғози соли нав ва тули баҳор аст ва партаве аст аз ғинои таҷаллёти фарҳангӣ, ки ба зиндагии миллионҳо нафар дар Эрон метобад, мероси муштараке, ки дар густараи Осиёи Марказӣ ва ҷанубу ғарби Осиё низ ҷашн гирифта мешавад.»

Одри Азулай меафзояд: «Таронаҳо, рақсҳо, афсонасароиҳо, оинҳо ва бозиҳои суннатӣ ва ҷамъ шудан бар суфраи хӯрданиҳои ҷашнҳои наврӯзӣ шоҳиди зиндае аст аз танаввӯи халлоқ, ки арзишҳои сулҳ, ҳамбастагии миёни наслҳо ва хонаводаҳо, дарки мутақобил ва равобити хуби байни ҳамсоягонро тарвиҷ мекунад.»

Мудири кулли ЮНЕСКО таъкид кардааст: «Дӯстии ҳамҷиворона миёни кишварҳое, ки дар он Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ин имконро фароҳам кард, то Наврӯз дар соли 2009 ба таври муштарак тавассути Эрон, Озарбойҷон, Ҳинд, Қирғизистон, Покистон, Туркия ва Узбакистон дар листи мероси фарҳангии номалмуси башарият таҳти конвенсияи 2003 сабт шавад ва дар идома ба Афғонистон, Ироқ, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар соли 2016 густариш ёбд, ки ин сабт нишондиҳандаи тамоюли муштарак барои ба расмият шинохта шудани Наврӯз тавассути ҷомеаи байналмилалӣ аст.

Дар интиҳои ин ин паём таъкид шудааст, ки ҷашнҳои муштараки наврӯзӣ, мардумонро бо фарҳангҳо, миллиятҳо, адён, манотиқ ва забонҳои гуногун бо ҳам муттаҳид мекунад, ки аз ин роҳ ба пайвастгиҳои муштараки худ пай мебаранд ва пайғоми Наврӯз ин аст, ки «гузари замон фурсате барои сохтани пули миёни инсонҳост.»