Март 10, 2019 12:19 Asia/Dushanbe
  • Япония 70 ҳазор шаҳрванди бо сини болои 100 сол дорад

Бар асоси омори расмии соли гузашта, 70 ҳазор шаҳрванди японияӣ болои 100 сол син доранд, ки бештари ин афродро занон ташкил медиҳанд.

Ба гузориши ИРНА, японияиҳо ба доштани умр тӯлонӣ шӯҳрат доранд ва умед ба зиндагӣ дар миёни японияиҳо ба нисбати кишварҳои дигар болотар аст.

Тӯли умри японияиҳо бо тағзияи солими суннатӣ, пешрафтҳои пизишкӣ ва афзоиши огоҳӣ нисбат ба беҳдошт ва саломатӣ дар ин кишвар иртибот дорад.

Бо ин ҳол бо вуҷуди тӯлонӣ шудани умри японияиҳо аз як сӯ ва коҳиши омори таваллуди навзодон дар ин кишвар аз сӯи дигар, ҷамъияти Япония раванди нузулиро тай мекунад ва рӯз ба рӯз низ пиртар мешавад.

 

Барчасп