Март 21, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони миллал аз иқдомоти Амрико алайҳи Венесуэла

Камисери олии Ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бори дигар аз таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Венесуэла ба вижа муҷозотҳои амрикоӣ интиқод кард.

Ба гузориши  торнамои Раъюлявм Мишел Бошла эълом кард, таҳримҳои ахир алайҳи мубодилоти бонкӣ дар иртибот бо фуруши нафти Венесуэла ба Амрико мумкин аст боиси вахомати буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар шавад ва бар ҳуқуқи аввалия барои сафари эҳтимолии ҳайъати камисариёи олии ҳуқуқи башар ба ин кишварро шуруъ кард.

Бошла аввалҳои моҳи март низ бидуни ишора ба номи кишвари хоссе таҳримҳои байналмиллалӣ дар мавриди Венесуэларо маҳкум карда буд.

Буҳрони Венесуэла  23 январи 2019 оғоз шуд замоне, ки Хуан Гуайдо раҳбари мухолифон бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш худро раиси ҷумҳури Венесуэла хонд иқдоме ки давлат ва миллати ин кишвар онро кудато алайҳи Николас Мадаро раиси ҷумҳури мунтахаби мардум баршуморданд.

Бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Эрон, Русия ва Чин ҳам ин рафтори Амрикоро маҳкум ва бар лузуми эҳтиром ба ҳокимияти миллии Венесуэла таъкид кардаанд.

Барчасп