Март 21, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми наврӯзии Трамп ва такрори иддаоҳои хасмона алайҳи Эрон

Бо вуҷуди душманиҳои ошкор ва ниҳони Амрико зидди миллат ва давлати Эрон Доналд Трамп иддао кардааст, ки дар муқобили хостаҳои мардуми Эрон сукут нахоҳад кард.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Доналд Трамп дар твитте ба муносибати Наврӯз навишт, паёми табрикашро ба касне ки иди бостонии Наврӯзро дар Амрико ва ҷаҳон ҷашн мегиранд мефиристад.

Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, Наврӯз замоне вижа барои ҷашн ва шукргузорӣ дар Ғарби Осиё ва Осиёи Марказӣ ба вижа Эрон ба ҳисоб моеяд, то гирди ҳам биёянд ва дар ҳоле ки бо як эҳсоси хушбинии тоза барои омадани баҳор омода мешаванд бар неъматҳои соли гузашта таъаммул кунанд.

Трамп дар идомаи ин паём ба такрори иддаоҳои воҳии худ пардохта ва муддаӣ шуд, ки мардуми Эрон дар зери фишори низоми Эрон қарор доранд ва наметавонанд ба таври комил дар шодии ин аём шарик бошанд.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин бо иттихози мавзеъе хасмона алайҳи давлати Эрон бо миллати Эрон ибрози ҳамбастагӣ кард.

Доналд Трамп дар ҳоле ин паёми наврӯзиро мунташир кардааст, ки аз замони вуруд ба Кохи Сафед сиёсатҳое хасмона алайҳи эрониҳо ва мусалмонон иттихоз кардааст, ки аз он ҷумла метавон ба мамнуъ кардани вуруди эрониҳо ба Амрико, террорист хондани миллати Эрон ва таҳрифи номи Халиҷи Форс ишора кард.

 

Барчасп