Таъкиди Русия бар талоши барои кӯмак ба Венесуэла ва Куба
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43160-Таъкиди_Русия_бар_талоши_барои_кӯмак_ба_Венесуэла_ва_Куба
Давлати Русия таъкид кард, ки барои кӯмак ба Венесуэла ва Куба ҳамаи талоши худро бакор мегирад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 18, 2019 16:43 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар талоши барои кӯмак ба Венесуэла ва Куба

Давлати Русия таъкид кард, ки барои кӯмак ба Венесуэла ва Куба ҳамаи талоши худро бакор мегирад.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе эълом кард, таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Куба ва Венесуэла, ғайриқонунӣ ва ғайриқобили қабул ҳастанд ва Маскав барои кӯмак ба ин ду кишвар ба манзури муқобила бо таҳримҳо аз ҳеҷ талоше фурӯгузор нахоҳад кард.

Вай таъкид кард, Венесуэла ва Куба аз муттаҳидони Русия маҳсуб мешаванд.

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи чаҳоршанбе аз эъмоли маҷмӯаи таҳримҳои ҷадиди Вашингтон зидди Куба ва Венесуэла хабар дод.

Болтон дар ҷамъи кӯҳнасарбозони амалиёти Халиҷи Хукҳо дар соли 1961, эълом кард, номи панҷ ниҳод ва шахси ҳақиқии Куба ба феҳрасти таҳримҳои Амрико изофа шуда, ки яке аз онҳо ширкати ҳавопаймои “Aerogaviota” мутааллиқ ба артиши Куба аст.

Давлати Амрико ҳамчунин қасд дорад, маҳдудиятҳои ҷадиде барои интиқоли пул ба Куба вазъ кунад.

Вашингтон ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе дар тозатарин иқдом алайҳи Венесуэла, Бонки марказии ин кишварро дар феҳрасти таҳримҳо қарор дод.