Июн 25, 2019 13:54 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Русия ба Шурои Аврупо

Маҷмаи парлумонии Шурои Аврупо бо аксарияти оро бо идомаи узвияти Русия дар ин шуро мувофиқат кард.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Маҷмаи парлумонии Шурои Аврупо рӯзи душанбе ва пас аз тавофуқи вазирони умури хориҷаи ин шуро мувофиқати худро бо тадовуми узвияти Русия дар ин Шурои Аврупо эълом кард.

Маҷмаи парлумонии Шурои Аврупо бо 118 раъйи мусбат дар баробари 62 раъйи манфӣ ба тадовуми узвияти Русия раъй дод.

Намояндагони Русия дар Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2014 ба иллати мавзеи худ дар баробари  Қрим аз ихтиёроташон дар ин ниҳоди аврупоӣ маҳрум шуданд ва каме баъд низ Маскав аз ширкат дар нишастҳои Шурои Аврупо худдорӣ кард.

Маскав дар июни 2017 эълом кард, то замоне, ки аз ҳуқуқаш дар Шурои Аврупо бархурдор нашавад, аз пардохти бахше аз ҳаққи узвияти худ дар ин ниҳоди аврупоӣ худдорӣ мекунад.

Русия ба тозагӣ эълом кард, ки дар сурати мувофиқатти Шурои Аврупо барои тадовуми узвият пардохти ҳазинаҳои онро аз сар мегирад.

 

Барчасп