Рӯйкарди духураи Макрон дар қиболи коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон
(last modified 2019-07-07T12:40:30+00:00 )
Июл 07, 2019 17:40 Asia/Dushanbe
  • Рӯйкарди духураи Макрон дар қиболи коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон

Раисҷумҳури Фаронса, ки дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдомҳои Аврупо барои ҷуброни таҳримҳои Амрико алайҳи Теҳронро муваффақ ва коромад надониста буд, дар иқдоме мутаноқиз ба коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи рӯзи якшанбеи кохи Элиза омадааст: Эммонуэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса Эронро ба сарпечӣ аз тавофуқи ҳастаӣ ва нақзи БарҶом муттаҳам кард.

Мавзеъгирии Макрон дар шароите аст, ки раисҷумҳури Фаронса дар гуфтугӯи телефонии рӯзи шанбе бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ба амалкарди нодурусти Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Эрон эътироф карда буд.

Ин дар ҳолест, ки Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, Теҳрон имрӯз дар ваъдаи 60 рӯзи гоми аввали коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худ аст ва аз он ҷое, ки хостаҳояш дар бораи БарҶом таҳаққуқ наёфт, гоми дувуми худро бармедорад.

Ироқчӣ афзуд, дар гоми аввал эълом кардем, нисбат ба захоир пойбандӣ ба тааҳҳуди худ надорем ва тааҳҳуди худро нисбат ба ғилзат эълом мекунем.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар номае ба Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо навишт, ки ҳаракати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гунае аст, ки фурсат барои гуфтугӯ, дипломатия ва таомул дар ин муддат фароҳам шавад ва агар аз ин фурсат истифода нашавад, набояд касе дар тасмими Теҳрон тардид кунад ва коҳиши раванди тааҳҳудот идома меёбад.

Муҳлати 60 рӯзаи Эрон ба тарафҳои ҳозир дар БарҶом имрӯз 7 июл ба поён расид ва иқдоми тозаи Эрон дар костан аз тааҳҳудоти барҷомӣ дар пайи хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ эълом шуд.

 

 

 

Барчасп