Сохти масҷиде дар Кобул бо хоки ҳамаи шаҳрҳои ин кишвар
Ба муносибати садумин солгарди истиқлоли Афғонистон ва ба дастури раиси ҷумҳури ин кишвар масҷиде дар Кобул бо хоки ҳамаи шаҳристонҳои ин кишвар сохта мешавад.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, раиси ҷумҳури Афғонистон дастур дод масҷиде дар минтақаи Дороламон дар ҷануби ғарби шаҳри Кобул бо хоки ҳамаи шаҳристонҳои ин кишвар сохта шавад.
Афғонистон 364 шаҳристон дорад ва қарор аст хоки мавриди ниёз аз ҳамаи ин шаҳристонҳо барои сохти масҷид ба Кобул мунтақил шавад.
Барои иҷроӣ кардани ин дастур раисони вилоят ва фармондорон шуруъ ба ирсоли маҳмулаи хок аз минтақаҳои таҳти мудирияти худ кардаанд.
Раиси вилояти Бомиён 24 метри мукааб хок аз шаҳр ва ҳамаи шаҳристонҳои Бомиён ҷамъоварӣ ва барои сохти масҷид ба Кобул мунтақил кардааст.
Раиси вилояти Ғазнӣ низ эълом карда, ки миқдоре хок аз ҳабдаҳ шаҳристонҳои Бомиён ҷамъоварӣ ва барои сохти масҷид ба Кобул мунтақил кардааст.
Ҳадаф аз ин иқдоми давлати Афғонистон сохти намоде барои ваҳдати миллии мардуми ин кишвар эълом шудааст.