Июл 30, 2019 18:35 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 12 ҳазор кӯдак, қурбони хушунатҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон

Созмони Милали Муттаҳид аз кушта ё захмӣ шудани беш аз 12 ҳазор кӯдак дар хушунатҳои мусаллаҳонаи соли 2018 дар саросари ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузори “Ассошейтед пресс”, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише эълом кард, дар хушунатҳои мусаллаҳонаи соли 2018 беш аз 12 ҳазор кӯдак кушта ё захмӣ шуданд, ки ин рақам бесобиқа аст. Бар асоси гузориши солонаи Антониу Гутерриш, шиддати хушунатҳо алайҳи кӯдакон дар соли 2018, бавижа афзоиши бесобиқаи шумори талафоти кӯдакон дар натиҷаи қатл мӯҷиби нигарониҳои ҷаҳонӣ шудааст. Бар асоси ин гузориш, бештарин омори талафоти кӯдакон дар хушунатҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Афғонистон, Фаластин, Сурия ва Яман будааст.

Луис Шорбуну, масъули дафтари дидабони ҳуқуқи башар дар мақарри Созмони Милал эълом кард, эътилофи Саудӣ аз соли 2015 муртакиби хушунатҳои ҳавлноке алайҳи кӯдакон дар Яман шудааст.

Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, эътилофи мутаҷовизи Саудӣ бо куштори 729 кӯдаки яманӣ дар садри феҳрасти сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдакон қарор дорад.

 

Барчасп