Русия: Хуруҷи Амрико аз БарҶом танишҳои минтақаиро афзоиш дод
Муовини намояндагии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳамаи мушкилоти ахир дар минтақаи халиҷи Форс бо хуруҷи Амрико аз БарҶом оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Дмитрий Полянский, муовини намояндагии Русия дар СММ дирӯз, панҷшанбе, дар нишасти хабарӣ, ки дар мақари Созмони Милал баргузор шуд, ҳамчунин тарҳи мавсум ба эҷоди “системаи амнияти ҷамъӣ дар халиҷи Форс”- ро шарҳ дод.
Муовини намояндагии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин ки истиқрори як системаи амнияти ҷамъӣ дар халиҷи Форс барои ройзаниҳо ва талошҳои дипломатӣ дар минтақа асосӣ аст, афзуд, ин система бояд мубтанӣ бар қонунҳои байналмилалӣ, эъломияи СММ ва қатъномаҳои Шӯрои амният бошад ва эҳтиром ба манофеи ҳамаи тарафҳои минтақаӣ ва ҷаҳониро мадди назар қарор диҳад.
Амрико дар моҳҳои ахир бо ҳадафи ташдиди фишор бар Эрон, ҳузури низомии худро дар минтақаи халиҷи Форс афзоиш додааст. Вашингтон ҳамчунин бо ҳамроҳии Лондон тарҳи “амнияти дарёӣ” дар халиҷи Форсро матраҳ кардааст. Тарҳе, ки бо истиқболи дигар кишварҳо, аз ҷумла Олмон мувоҷеҳ нашуд.