Август 18, 2019 13:22 Asia/Dushanbe
  • Халабонони фурудомада дар мазрааи ҷуворимакка қаҳрамони миллии Русия шуданд

Раиси ҷумҳури Русия ба халабонони ҳавопаймои мусофирбарие, ки муваффақ шуданд бо фуруди изтирорӣ дар як мазрааи ҷуворимакка ҷони 233 инсонро наҷот диҳанд унвони қаҳрамони миллии Русия эъто мекунад.

Ба нақл аз ИРНО, Владимир Путин дар ҷамъи аъзои Шурои амнияти Русия гуфт, ки ба халабон ва кумак халабони ин ҳавопаймо унвони қаҳрамони Федератсияи Русия ва ба дигар хадамаи парвоз подоши шуҷоат дода мешавад.

Рӯзи панҷшаанбеи гузашта як ҳавопаймои мусофирбарии A321 ширкати ҳавопаймоии Орал-и Русия дар масири Жуковски-Симферопол бо 226 сарнишин ва ҳафт хадама ба иллати нақзи фаннӣ маҷбур ба фуруди изтирорӣ шуд.

Халабони ин ҳавопаймо дақоиқи кутоҳе пас аз бархостан аз фурудгоҳ мутаваҷҷеҳ шуд, ки матори ҳавопаймо бо дастае аз мурғони дарёӣ бархурд карда ва бо мушкили фаннӣ ру ба ру шудааст аз ин ру дархости фуруди изтирорӣ дод.

Бо ин ҳол халабон, ки эҳтимол медод ҳавопаймо натавонад ба фурудгоҳ бирасад онро дар мазрааи ҷуворимаккае дар наздикии Маскав бо муваффақият ба замин нишонд.

Ширкати ҳавопаймоии Орал эълом кардааст, ки мизони хасорати ворида ба ин ҳавопаймо ба андозае зиёд аст, ки дигар имкони истифода аз он вуҷуд надорад.

Бо ин ҳол дар ин ҳодиса фақат 23 нафар захмӣ шуданд.

Дамир Юсупов халабони ин ҳавопаймо як руси мусалмон аст.

Барчасп