Кашфи бақоёи ҳамзоди духтари ҳиндӣ дар меъдаи Ӯ
Пас аз ин,ки дхтари 17 солаи ҳиндӣ ба хотири дарди шикам ба пизишкон муроҷиъа кард, маълум шуд вуҷуди бақоёи ҳамзоди такомул наёфтаи Ӯ дар шикамаш, далели дард будааст.
Ба нақл аз Спутник, ин духтари ҳиндӣ гоҳе вақтҳо дардро дар ноҳияи шикамаш таҷриба мекард ва ҳатто тақрибан ҳеҷчизе намехурд,сер буд.
Пизишкон ибтидо дарёфта буданд,ки дар меъдаи Ӯ тудаи ношинохта вуҷуд дорад,аммо баъдҳо падидаи ҷанин дар ҷанинро ташхис доданд.
Падидаи ҷанин дар ҷанин як ноҳанҷори нодир,бо эҳтимоли як дар 500 ҳазор маврид аст,ки дар он тудае аз бофтаҳои шабияи ҷанин дар дохили бадани ҷанини дигар ташкил мешавад,ки ба иборати соддатар, ҳамон бақоёи ҳамзоди тавсиъанаёфтаи Ӯст.
Дар амали ҷароҳии ин духтари навҷавон,бақоёи ҳамзоди тавсиъанаёфтаи Ӯ аз меъдааш хориҷ шуд.
Ҳамакнун бемор дар ҳоли беҳбуд аст, ҳарчанд,ки бояд доим таҳти назари пизишкон бошад.