Осонтар шудани сафари хориҷиҳо ба Русия
Қарор аст аз аввали январи соли 2021 системаи раводид(виза)и электроникӣ дар саросари хоки Федератсияи Русия роҳандозӣ шавад.
Ба гузориши Спутник, хонуми Зарина Догозова, раиси Ожонси федералии гардишгарии Русия дар суханронии худ дар бисту севумин маҷмаъи умумии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ эълом кард роҳандозии системаи раводидҳои электроникӣ боис хоҳад шуд Русия дорои соддатарин муқаррароти судури раводид дар байни кишварҳои пешрафта шавад.
Ба гуфта вай дар ҳоли ҳозир соҳаи гардишгарии Русия дорои пешрафтатарин гароишҳо буда , маҳдудиятҳои раводидӣ бекор шуда ва аз равишҳои диҷитол(рақамӣ) истифода мешавад ва ин тасмим таҳаввулсозӣ на фақат дар дохили Русия, балки дар саросари ҷаҳон аст.
Вазорати хориҷаи Русия дар моҳи август пешниҳод кард ташрифоти судури раводид барои гардишгарони хориҷӣ осон шавад. Тибқи муқаррароти нав, хориҷиҳо метавонанд ба ҷой даъватнома аз тарафи ширкати гардишгарӣ , санади резерви ҷо дар меҳмонхона пешниҳод кунанд. Илова бар ин пешниҳод мешавад ҳаддиаксари муддати иқомати гардишгарон дар Русия аз як моҳ ба шаш моҳ афзоиш ёбад.