Июл 21, 2016 16:58 Asia/Dushanbe
  • Шаш кишвари Урупо ба таҳримҳои  Ғарб алайҳи Русия пайвастанд

Дар эътироз ба иқдомоти Маскав дар робита ба шибҳиҷазираи Қрим шаш кишвари урупоӣ, ки узви Иттиҳоди Урупо нестанд, эълом карданд, таҳримҳои ин иттиҳод ва Амрикоро алайҳи Русия ҳамроҳӣ мекунанд.

Шаш кишвари урупоие, ки узви Иттиҳоди Урупо нестанд, ба нишони мухолифат бо замима шудани Қрим ба хоки Русия ба таҳримҳои Иттиҳоди Урупо алайҳи ин кишвар пайвастанд. Ба гузориши ИРНА, Норвегия, Албания, Лихтенштейн, Гурҷистон, Черногория ва Украина ҳамкориҳои худро барои иҷрои таҳримҳои зидди Русия эълом кардаанд.

Федерико Мугарини, олитарин мақоми сиёсии Иттиҳоди Урупо эълом кард, аз ин пас 34 кишвари урупоӣ ҳамроҳи Амрико таҳримҳо алайҳи Русияро иҷро мекунанд.

Маскав ҳам акунун ба бастаи таҳрими аслӣ, шомили иҷтисодӣ, хариди колоҳои дорои хусусияти истифодаи дугона ва мамнӯияти сафари баъзе мақомҳои русӣ ба Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳоди Урупо, ҳамчунин бастаи таҳримии дигаре марбут ба шибҳиҷазираи Қрим мувоҷеҳ аст. Иттиҳоди Урупо ва Амрико тақрибан ҳар гуна ҳамкориҳои тавсеаӣ, гардишгарӣ ва иқтисодиро дар Қрим мамнӯъ  кардаанд. Ин таҳримҳо то 31 январи соли 2017 эътибор доранд.

Тибқи иттилооти расонаҳои русӣ, таҳримҳо ҳамроҳи коҳиши шадиди нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ беш аз 200 миллиард доллар ба иқтисоди Русия хисорот ворид кардааст. Маскав низ ба сурати мутақобил таҳримҳоеро алайҳи Ғарб вазъ карда, ки бештар шомили воридоти мева ва маҳсулоти ширӣ аст.

Барчасп