Сентябр 25, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Кумаки мусулмонони Русия ба бозсозии мактабе дар Димишқ

Бо ҳузури муфтии ҷумҳурии Тотористон, як дабиристони бузург дар Димишқ, пойтахти Сурия, ки бо кумаки молии мусулмонони Русия бозсозӣ шудааст, ифтитоҳ мешавад.

Ҳайате аз мусулмонони Тотористони Русия ба сарпарастии Комил Самигулин, муфтии ин ҷумҳурӣ, вориди Сурия шуданд.

Ба гузориши ИКНА, яке аз аҳдофи сафари ин ҳайат ифтитоҳи дабиристоне дар Димишқ аст, ки кори бозсозии он бо кумаки молии идораи динии мусулмонони ҷумҳурии Тотористон ва дигар созмонҳои динии Русия анҷом шудааст.

Сафари муфтии Тотористон бахше аз барномаҳои як  коргурӯҳи байнидинии Русия барои кумак ба мардуми Сурия аст.

Абдуссаттор Сайидӣ, вазири авқофи Сурия аз ин ҳайати русӣ истиқбол ва аз кумаки онҳо дар бозсозии ин дабиристон қадрдонӣ кард.

Самигулин низ омодагии худро барои ҳимоят аз созмонҳои исломии Сурия эълом ва вазири суриро ба дидор аз Казан (Қазон), пойтахти Тотористон  даъват кард. Вай ҳамчунин пешниҳоди баргузории як конфронси муштараки илмиву диниро матраҳ кард.

Бозсозии ин мадрасаи 5 табақа, ки гунҷоиши ҳазор донишомӯзро дорад ва дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия тахриб шуда буд, бахше аз пружаи бозсозии зерсохтҳои Сурия аст.

Аз декабри соли гузашта ниҳодҳои динии исломӣ ва масеҳии Русия барои кумакҳои инсондӯстона ба мардуми Сурия иқдом ба ҷамъоварии пул кардаанд.