Вуруди миллиардҳо зарраи пластик ба бадан бо нушидани чойи кисаӣ(пакетӣ)
Кисаҳои чой, ки бо бастабандии пластикӣ сохта мешаванд метаавонанд миллардҳо зарраи рези пластик ва нанопластикро даруни пиёлаи чой раҳо кунанд.
Ба нақл аз Спутник, тибқи таҳқиқоти нави Анҷумани шимиёии Амрико мушаххас шуд, ки як кисаи чойи пластикӣ метавонад 11.6 миллиард зарроти микропластик ва 3.1 миллиард зарроти нанопластикро дар як пиёлаи об бо дамои ҷуш озод кунад.
Ин анҷуман эълом кард, ки ин мизон ҳазорон баробар болотар аз резгардҳое аст, ки дар дигар маводи ғизоӣ гузориш шудааст.
Ин ёфтаҳо бар мабнои таҳқиқоти нави мунташиршуда дар маҷалаи илмӣ ва технологии зистмуҳитии ҷомеаи шимиёии Амрикост, ки чаҳор чойи тиҷории мухталифи бастабандӣ шуда дар кисаҳои чойи пластикиро озмоиш карда ва дарёфтаанд, ки ин мизон зарраи рези пластик ва нанопластики озодшуда метавонад барои саломати инсон бисёр зарарнок бошад.
Коршиносони бисёре мухолифи масрафи чойи кисаӣ ҳастанд ва муътақиданд афзоиши бемориҳо аз ҷумла саратон ба далели тағйири сабки зиндагӣ ва гироиши мардум ба истифода аз чойи кисаӣ ва фастфудҳост.