Тавлиди хуни маснӯии муносиб барои ҳамаи гурӯҳҳои хунӣ дар Ҷопон
Муҳаққиқони ҷопонӣ аз тавлиди навъе хуни маснӯӣ хабар доданд, ки сарфи назар аз гурӯҳи хунии афрод, барои ҳама қобили истифода аст.
Ба гузориши ИРНА, ин хуни маснӯӣ, ки донишмандони Донишкадаи пизишкии дифои миллии Ҷопон онро рӯйи харгӯшҳо озмоиш кардаанд, метавонад шонси зинда мондани масдумонеро, ки ниёзи фаврӣ ба тазриқи хун доранд, ба таври чашмгире афзоиш диҳад.
Плакати хуни табиӣ, ки муҷиби таваққуфи хунрезӣ мешавад, чаҳор рӯз қобили захира аст ва ҳуҷайраҳои сурхи хунро низ метавон дар дараҷаи пойин ба муддати 20 рӯз нигаҳдорӣ кард. Аммо хуни маснӯии тавлидшуда қобили нигаҳдорӣ дар дараҷаи маъмулӣ ба муддат як сол будаву ҳам ҳовии плакат ва ҳам глоболи қирмиз аст.
Монобо Кинушито, устоди Донишкадаи пизишкии дифои миллии Ҷопон мегӯяд, захира ё ирсоли хуни табиӣ ба манотиқи дурафтода бисёр мушкил аст ва хуни маснӯӣ метавонад ҷони бисёре аз инсонҳоро наҷот диҳад.
Нуктаи қобили тавваҷуҳ дар бораи ин хун ба ғайр аз торихи масрафи тӯлонии он, ин аст, ки бисёре аз беморон дар масири интиқол бо мошини ёрии таъҷилӣ, ки дар он имкони озмоиши гурӯҳи хунии онҳо барои тазриқи хуни табиӣ вуҷуд надорад, ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо хуни маснӯӣ метавонад барои ҳамаи гурӯҳҳои хунӣ ва ҳар ҷое истифода шавад.
Ба гуфтаи донишмандон, лахта шудани хуни мавридӣ дар харгӯшҳои озмоишгоҳӣ, ҷанбаи манфии ин хуни маснӯӣ аст.