Маймунҳои донишомӯз дар Таиланд+ видео
Маймунҳои донишомӯз дар Таиланд ба яке аз ҷозибаҳои муҳими гардишгарӣ дар ҷануби шарқи Осиё табдил шудааст.
Маймунҳои ҷавон дар Таиланд ба мадраса мераванд ва зимни фарогирии аъдоду арқом дар заминаи наҳваи бардошти норгил ва анҷоми бархе ҳаракоти варзишӣ ва анвои ширинкориҳои ҷаззоб ва саргармкунанда омӯзиш мебинанд.
Ин маймунҳо пас аз ду соли омӯзиш ба коргарону ҳунармандони моҳир табдил мешаванд, ки ба иллати чолокӣ ва короии боло, қодиранд дар ҳашт соати корӣ 600 то ҳазор норгилро аз дарахтони баланди мазореи норгил бичинанд ва ҷамъоварӣ кунанд.
Бозори хариду фурӯши маймунҳои мадрасарафта дар миёни таиландиҳо равнақи бисёре дорад, ба тавре, ки камтарин қимати пешниҳодӣ барои хариди ҳар як аз онҳо аз 2 ҳазор доллар шуруъ мешавад.
Мадорис ва мазореи норгили Таиланд ва бемористони орангутанҳои Малайзия ҳар сол шоҳиди гардишгарони зиёде аз манотиқи мухталифи дунёст, ки аз ҳаракоти маймунҳо шигифтзада мешавад.