Ором роҳ биравед мағзатон пир мешавад
Пажуҳишгарони амрикоӣ натиҷаи таҳқиқеро мунташир карданд,ки нишон медиҳад ором роҳ рафтан бо пирии зудҳангоми мағз муртабит аст.
Ба нақл аз Спутник, Иттилооти ба даст омада бо Эм Ор Ой нишон медиҳад ҳаҷми мағзи афроди баррасӣ шуда,ки оромтар роҳ мерафтанд бисёр кучактар буд.
Пажуҳишгарони донишгоҳи Дук дар Калифорниёи шимолӣ дар ин таҳқиқ ҳазор нафар аз сокинони Зеландияи навро баррасӣ карданд,ки дар замони анҷоми таҳқиқ 45 сол доштанд ва вазъияти саломати онҳо аз се солагӣ таҳти назар қарор гирифта буд.
Иттилооти ҷамовари шуда дар зиндагии ин афрод нишон дод афроде бо тавоноии зеҳнии кам, маҳоратҳои заиф дар забон ва амалкардҳои ҳаракатии заиф дар синҳои ҷавонӣ тамоюл доранд,ки пас аз расидан ба бузургсолӣ,оромтар қадам бардоранд.
Нишонаҳои бемории монанди рагҳои хунии кучак низ дар миёни ин ширкаткунандагон мушоҳида шуд,ки нишондиҳандаи пирии зудҳангоми мағз аст.