Ҳузури садҳо боздидкунанда дар маросими дарҳои бози масҷиди Мэйфилд
Масҷиди Султон Фотеҳ дар шаҳри Мэйфилди Австралия мизбони садҳо боздидкунандаи ғайримусалмон дар маросими Рӯзи дарҳои боз буд.
Дар маросими Рӯзи дарҳои боз ҳудуди 300 боздидкунанда аз масҷиди Султон Фотеҳ дар Мэйфилд боздид карданд, агарчи ба далели обу ҳавои номусоид тағйироте дар чигунагии барпоии бархе аз барномаҳои маросим анҷом гирифт.
Ба гузориши “Ҳавза”, Фурӯғ Давронӣ, аз созмондиҳандагони ин маросим гуфт, рӯзи шанбе раҳгузарон як соат пеш аз оғози гирдиҳамоӣ дар муҳаввата таҷаммуъ карда буданд, ки ин нишондиҳандаи истиқболи қобили таваҷҷуҳ аз рӯйдоди мусалмонон мебошад. Вай гуфт, маросим паҳлуҳои мусбати зиёде дар пай дошт, аз ҷумла ин ки мардум чизҳои зиёде дар ин ҷо омӯхтанд ва ба шабоҳатҳои Ислом ва соири мазоҳиб пай бурданд. Ӯ хотирнишон кард: “Ҳадаф ин нест, ки бихоҳем мардум ба дини мо гаравида, мусалмон шаванд, балки мехоҳем равобити дӯстии миёниадёнӣ дошта бошем. То замоне ки гуфтугӯҳо муҳтарамона ва бетарафона анҷом шаванд, мо аз назарот ва интиқодот бо рӯйи боз истиқбол мекунем. Дарҳои мо ҳар рӯз боз аст ва ҳар касе, ки ба ин ҷо биёяд ва суоле аз мо дошта бошад, посухгӯ ҳастем”.
Бисёре аз боздидкунандагонро ғайрмусалмонон ташкил медоданд, ки аз роҳҳои дуру наздик барои ширкат дар маросими масҷид ҳузур ёфта ва бисёре аз онон фарзандони хурдсолро ҳамроҳ оварда буданд.