Давидан хатари маргро коҳиш медиҳад
Муҳаққиқон дар Англия эълом карданд, давидан ба ҳар мизоне ки бошад, ба таври чашмгир хатари маргро коҳиш медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, рӯзномаи “Индепендент”, чопи Англия дар гузорише дар пойгоҳи интернетии худ навишт, натоиҷи таҳқиқоти 35-солаи муҳаққиқон дар бораи саломатии беш аз 230 ҳазор нафар, ки дар даврони зиндагии худ ба варзиши давидан пардохтаанд, нишон медиҳад, ки давидан ба ҳар мизоне ки бошад, метавонад хатари марги фардро ба шакли чашмгир коҳиш диҳад.
Таҷзия ва таҳлили натоиҷи чаҳордаҳ таҳқиқи мустақил, ки дар чанд даҳа рӯйи саломатии афроди мухталиф анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки давидан ба сӯзондани мизони қобили таваҷҷуҳе аз чарбиҳои бадан мунҷар мешавад ва хатари марги фардро то ҳудуди 27 дарсад коҳиш медиҳад.
Муҳаққиқон мегӯянд, афзоиши тамоюли мардум ба варзиши давидан метавонад манофеи чашмгире барои саломатии умумӣ дошта бошад.