Чой бинушед то сакта накунед
(last modified Mon, 11 Nov 2019 15:26:54 GMT )
Ноябр 11, 2019 20:26 Asia/Dushanbe
  • Чой бинушед то сакта накунед

Масрафи чой хатари марги ношӣ аз ибтило ба бемории рагҳои атрофи қалб (сoronary аrtery)-ро коҳиш медиҳад.

Ба гузориши Спутник, муҳаққиқони нидерландӣ дар пажӯҳише мутаваҷҷеҳ шуданд, ки нушидани зиёди чой хатари марги ношӣ аз ибтило ба бемори рагҳои атрофи қалбро коҳиш медиҳад.

Ин мутолиа ҳамчунин нишон дод, ки масрафи қаҳва ба мизони мутавассит низ бо коҳиши хатари ибтило ба бемории қалбӣ иртибот дорад.

Муҳаққиқон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки масрафи се то шаш финҷон чой дар рӯз хатари ибтило ба бемории қалб ва марги ношӣ аз ин бемориро то 45 дарсад коҳиш медиҳад.

Ҳамчунин масрафи беш аз шаш финҷон чой дар рӯз бо коҳиши 36 дарсадии хатар ибтило ба бемории қалбӣ иртибот дошт.

Бар хилофи ақоиди умумӣ, ки масрафи қаҳва метавонад мӯҷиби ибтило ба сактаи мағзӣ шавад, ин мутолиа нишон дод, ки на қаҳва ва на чой ҳеҷ таъсире бар хатари ибтило ба сактаи мағзӣ надоранд.

Муҳаққиқон мӯътақиданд, ки фоидаи масрафи чой бар саломати қалб метавонад бо вуҷуди навъе антиоксиданти табиӣ дар чой муртабит бошад.

Дар Нидерланд 78 дарсади мардум чойи сиёҳ ва бақияи дигар анвои чойро масраф мекунанд.

 

Барчасп