Ҳиндустон раҳбарони кашмириро озод мекунад
Мақомоти Ҳиндустон рӯзи душанбе эълом карданд, ки шуморе аз раҳбарони кашмирӣ, ки аз замони бекорсозии имтиёзоти хоси Ҷому ва Кашмир боздошт шуда буданд, ба зудӣ озод мешаванд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии " Ниюс 18", як мақоми ҳиндӣ, ки нахост номаш фош шавад гуфт: Ба теъдоде аз раҳбарони кашмирӣ иҷоза дода шудааст, то ба муддати кутоҳе ба хонаҳои худ бозгарданд.
Вай афзуд:Бо ҳамоҳангии мақомоти маҳаллӣ бо давлати марказии Ҳиндустон ин ашхос ба зудӣ озод хоҳанд шуд.
Раҳбарони сиёсии Кашмир беш аз се моҳ дар ҳабси хонагӣ ё таҳти боздошти полис қарор гирифтаанд.
Маҳбуба Муфтӣ, Форуқ Абдуллоҳ ва Умар Абдуллоҳ, се сарвазири собиқи иёлати Ҷому ва Кашмир аз раҳбарони шинохташудаи Кашмир ҳастанд, ки ҳамчунон таҳти боздошти полис қарор доранд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ ҳудуди 36 раҳбари сиёсии Кашмир дар як урдугоҳи давлатӣ дар шаҳри Сринигар зиндонӣ ҳастанд.
Пеш аз ин ҳизбҳои мухолифи сиёсӣ дар Ҳиндустон озодии ҳар чӣ зудтари раҳбарони сиёсӣ дар Кашмирро хостор шуда буданд.
Нахуствазири Ҳиндустон 5 август аз тасмими худ барои лағви худмухтории нисбӣ ва ихтиёроти вежаи минтақаи Ҷому ва Кашмир хабар дод.
Тибқи асли 370-и Қонуни асосии Ҳиндустон, ин минтақа ба ҷуз дар масоили дифоъӣ ва умури хориҷӣ, дар дигар мавридҳо аз ихтиёроти хосс бархурдор буд.
Пас аз онки давлати Ҳиндустон имтиёзоти хосси Кашмирро лағв кард, маҳдудиятҳои рафту омад дар Кашмир барқарор ва дастрасӣ ба интернет дар Кашмир баста шудааст.
Деҳлӣ нав мегӯяд, ки лағви худмухтории маҳдуди Кашмир бо ҳадафи тавсеаи ин минтақаи хушунатзада анҷом шудааст, аммо бисёре аз кашмириҳо мӯътақиданд, ки Ҳиндустон қасд дорад бо сукунати ҳиндуҳо, ҷамъияти мусулмони минтақаро тағйир диҳад.